Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро доварӣ мекунад
Ҳайати доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло дар бозии панҷуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» кор мекунад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гулмуроди Саъдулло бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон‐2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро, ки 14 ноябр дар Лаос баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.
Ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба ӯ кумак мекунанд. Довари ФИФА Насрулло Кабиров довари эҳтиётӣ таъйин шуд. Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд дар VAR кор карда, ёвари VAR – ҳаками дигари таиландӣ Виват Ҷумпаоон интихоб шуд. Авни Абдулкарим Саид Ҳассунӣ аз Урдун кори ҳайати доваронро назорат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон