Сармураббии дастаи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов аз мақомаш истеъфо дод

Бошгоҳи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар сомонаи расмиаш аз истеъфо додани сармураббӣ – Ғайраталӣ Мираҳмадов хабар дод. Дар сарчашма оварда шудааст, ки мутахассис бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст. Дастаи «Равшан» бо роҳбарии ин коршиноси тоҷик мавсими гузашта роҳхати Лигаи олӣ ва Ҷоми КФО-2020-ро ба даст оварда буд. Инчунин дастаи «Равшан» таҳти сарпарастии Ғайраталӣ дар мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE