Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бахшида ба Конститутсия конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини вазорат ва намояндагони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки зимни он маърузаҳои гуногун пешниҳод ва таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар ин хусус дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс гуфта шуд, ки таҳияи қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама, моддаи 43-юми ин санади олии ҳуқуқӣ, фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбиро муайяну мушаххас намудааст.
Вобаста ба ин таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбиро мебояд барои фаъолияти пурсамар барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он садоқатмандона хизмат намуда, бобати дар доираи қонун ба роҳ мондани фаъолияти хеш ҷаҳду талош намоянд.
Дар идомаи конфронс афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ доштани он арзёбӣ гардид. Ба андешаи маърузачиён, дар ин ҳуҷҷати муҳим ормони мардуми тоҷик, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи мамлакат инъикос ёфта, заминаи ҳуқуқиро барои эҳёи суннату анъанаҳои фарҳангӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ фароҳам овардааст.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон