Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем, 4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид.

Дар доираи форум зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон барои саёҳатҳои экологӣ, аграрӣ, табобатию солимгардонӣ, гастрономӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангию таърихӣ, сайёҳии варзишӣ, саноатию тиҷоратӣ муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 200 ширкати сайёҳӣ дар зиёда аз 50 хатсайр фаъолият дошта, гардишгарон барои шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз тамоми гӯшаву канори дунё сафар менамоянд.

Дар ин замина намояндагони бахши иқтисодии Давлати Кувайт, аз ҷумла масъулони соҳаи сайёҳӣ барои ҳамкорӣ ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳӣ аз ду ҷониб- Кувайт ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Кувайт бо ҷалби дӯстдорони сайру саёҳат изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои зиёди маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имконияти сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуд. Иштирокдорони форум дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ бо зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос гардиданд.

Меваҳои шаҳдбори тару тоза, хушкмеваҳо ва асали табиӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол гардида, аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатии инсон фоидабахшанд, писанди ҳар бинанда гардиданд. Ба ҳунари рассомони тоҷик низ баҳои баланд дода шуд.

Ҳамчунин маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили ҳунарҳои гулдӯзию зардузӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, абрешим ва маҳсулоти абрешимӣ, қолинбофӣ, маснуоти ороишии аз сангҳои табиӣ омодашуда, заргарию кулолгарӣ ва армуғону дигар туҳфаҳо аз маҳорат ва завқи баланди ҳунармандии тоҷикон дарак медод.

Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ амал мекунанд, ки ин ду санад дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор мегузоранд.

Табиати зебои Тоҷикистон, дарёву кӯлҳо ва чашмаҳои шифобахш, боғу гулгашт ва дигар имконияту зарфияти сайёҳӣ ҳамчунин тавассути монитор, китобу буклет ва дигар воситаҳои тарғиботӣ бо чанд забон муаррифӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE