Ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ Дар Академияи идоракунии давлатӣ
Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши матбуот дар раванди идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ – сисёсӣ баргузор шуд.
Дар оғоз, ректори Академия Абдухалил Ғафурзода тамоми рӯзноманигорон ва аҳли қаламу суханро самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки “бо мақсади қадршиносии аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҳамасола 11 март дар Тоҷикистон рӯзи матбуоти тоҷик ва иди касбии рӯзноманигорон таҷлил мегардад. Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳи ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дорад”.
Дар ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода дар мавзӯи «Матбуот ва равандҳои ҷаҳонишавӣ», мудири кафедраи телевизион ва радоишунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар мавзӯи «Нақши матбуот дар таҳкими давлатдории миллӣ», дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия Шарифҷон Шарипов дар мавзӯи «Таваҷҷуми симои Пешвои миллат дар матбуоти даврӣ дар мисоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Сарвар ва миллат» – и Академия Раҳматулло Каримов дар мавзӯи «Қадамҳои устувори «Сарвар ва миллат» маърӯза намуданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Маҳз, бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон сари вақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.
Сангин Гулов зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, он ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд. Матбуот дар ҳама давру замон ба сифати миёнарави байни ҳукумат ва ҷомеа баромад доштааст. Ҳамин аст, ки мардум ҳамеша ба сухани матбуот эътимод доранд ва онро қабул мекунанд, дар фаъолияти худ аз он кор мегиранд ва ин масъулияти аҳли матбуотро боло мебарад.
Дар хатми ҳамоиш кормандони нашрияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Сарвар ва миллат» ва рӯзноманигорону собиқадорони соҳа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Академия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.