Кумитаи меъморӣ: соли 2020 иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 9 миллиарду 778 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод

Дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 383 ҳазору 900 метри мераббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Маҳмадсаид Зувайдзода таъкид намуд.

Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард, ки фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 748 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 9 миллиарду 778 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки новобаста ба таъсири бемории COVID – 19 рафти корҳои сохтмониву васлгарӣ дар иншооти стратегии мамлакат ба монанди НБО “Роғун” тибқи нақша идома ёфтанд ва барои сазовор таҷлил намудани 30 – солагии Истиқлоли кишвар 60 лоиҳаи ангоравии иншооти таъиноташон гуногун ба монанди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардид, ки имрӯз аз он муроҷиаткунандагон ройгон истифода мебаранд.

Шоистаи АҲМАД,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE