Кумитаи меъморӣ: соли 2020 дар кишвар дар самти сохтмон ва меъморӣ 6623 камбудию нуқсонҳо ошкор карда шуданд

Соли 2020 дар рафти санҷишҳои назоратии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6623 камбудию нуқсонҳо ошкор карда шуд.

Аз ин 177 корҳои заминӣ, 1551 сифати конструксияҳои оҳану бетонӣ, 653 деворҳо, 246 корҳои пардозгарӣ, 51 сохтмони бом, 54 камбудӣ дар корҳои сантехникӣ ва барқ, 2053 нуқсон дар ҳуҷҷатгузорӣ ошкор карда шуд. Дар ин бора Санъат Абдуллоев, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ иттилоъ дод.

Ин масъули Кумитаи меъморӣ зимни суҳбат гуфт, дар ин давра, ба 535 шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдорон барои рҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии мамурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 937 450 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Инчунин, бо татбиқи 444 қарор 694 002 сомонӣ ба буҷа ворид гардид. Дар ин замина, 77 қарор ба маблағи 193 278 сомонӣ муҳлат дошта, 14 қарори дигар ба маблағи 501 70 бо аризаи даъвогӣ ба суд ирсол карда карда шудааст.

Шоҳин САИДОВ,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE