Иштироки Рустами Эмомалӣ дар Форуми байнипарламентӣ Туркманистон

12 май сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон идома ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи Конститусияи Туркманистон иштирок намуданд.

Дар маросими гулгузорӣ инчунин Раиси Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Сипас дар Маркази ҳамоишҳои шаҳри Ашқобод ҷаласаи якуми Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия «Ҳамкории байнипарламентӣ – ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байнидавлатӣ», ки бо ташаббуси Раиси Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, Президенти собиқи ин кишвар Гурбангули Бердимуҳаммедов даъват гардидааст, ба кори худ оғоз бахшид.

Нахуст дар форум Раиси Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамоиши мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки ҳамкории парламентҳои миллӣ дар сиғаи «Осиёи марказӣ — Русия» дорои аҳамияти муҳим буда, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи кишварҳои мо мусоидат менамояд.

Инчунин дар форум роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Пас аз анҷоми қисмати тантанавии форум маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои дуҷониба баргузор гардид.

Зимни он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Халк Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистонро ба имзо расониданд.

Сипас, кори форуми байнипарламентӣ дар шакли мизҳои мудаввар идома дода шуда, дар ҷамъбаст ҳамчун ҳуҷҷати ниҳоӣ Декларатсияи ашқободии Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия қабул гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE