Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.
Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.
Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад.
Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани технологияи муосир ва таъсиси корхонаи нави саноатиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” шинос шуданд.
Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсолоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда муаррифӣ карда шуд. Навсозии минтақаи холискории металҳои қимматбаҳо, лоиҳаи коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди Маркази муосири логистикӣ бо 100 ҷойи корӣ, таъсиси корхонаи муштараки коркарди қоғазпора ва истеҳсоли маҳсулот аз он, коргоҳи тавлиди зарф ва қубурҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ аз ҷумлаи нақшаҳои ояндаи корхона мебошад.
Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа ва мутахассисони корхона барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармоя, барқароркунии иқтидорҳои бекормонда, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолӣ дар асоси технологияи тавлидкунандаи маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот супоришҳои мушаххас доданд.