Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ дар Чин иштирок доранд

 Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии системаҳои фотоэлектрикии офтобӣ ва технологияҳои нигаҳдории энергия–2024, ки аз 17 то 20 ноябр дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мегузарад, иштирок доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд, дар ҳошияи ин намоишгоҳ намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об бо роҳбарону намояндагони якчанд ширкат, аз ҷумла «Solarvest» ва Ассотсиатсияи рушди саноати энергияи «сабз» вохӯрӣ намуданд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳ ба иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин шароити мусоиди фароҳамгардида барои сармоягузорӣ равона гардид.

Сармоягузорон ба ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ намудани соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE