4 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 иштирок мекунанд

Чаҳор ҷудокори тоҷик Обед Ҷебов (- 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (- 90 кг) ва Виктория Киселёва ( +78 кг) дар мусобиқаи сайри навбатии ҷудои ҷаҳон – Tokyo Grand Slam 2024 ширкат меварзанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-ум ва 8-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Токио баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа то имрӯз 183 ҷудокор аз 42 кишвари ҷаҳон баҳри иштирок номнавис гардадидаанд.

Ин мусобиқа, ки яке аз чорабиниҳои муҳими тақвими байналмилалии ҷудо ба ҳисоб меравад, беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро ба ҳам меорад. Ҷудокорони тоҷик, ки таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланд доранд, барои нишон додани истеъдод ва иродаи қавии худ дар майдони ҷаҳонӣ сафарбар мешаванд.

Мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 барои иштирокчиён имкони муҳимест, ки холҳои заруриро барои беҳбуди мавқеи худ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ба даст оранд.

Мусобиқаи Токио на танҳо як майдони рақобат, балки намоиши ҷасорат, санъати ҷудо ва рӯҳияи қавӣ хоҳад буд. Тоҷикистон бо ин ҷудокорон дар ин чорабинӣ умеди ифтихор ва пирӯзӣ дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE