Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид

Аз 28 то 29 ноябр дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони маҳаллии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ дар соли 2024» баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун 10 нафар довталаб аз 4 давлати Осиёи Марказӣ аз рӯйи намоиши дарс рақобат мекунанд. 

Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони маҳаллӣ аз фанни забони чинӣ ва тақвияти ҳамкорӣ  ҷиҳати таълими забони чинӣ гузаронида мешавад.

Озмун аз ҷониби Маркази ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи забони Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун таъкид гардид, ки омода кардани омӯзгорони маҳаллӣ яке аз омилҳои асосии рушди таълими забони чинӣ мебошад. Омӯзгороне, ки забони чиниро бевосита аз соҳибзабонон меомўзанд, на танҳо дар таълим, балки дар таблиғи ҳамкории фарҳангӣ  нақши муҳим   мегузоранд.

Зимнан бояд гуфт, ки  донистани забони чинӣ  дар  рушди ҳамкории  Тоҷикистон ва Чин саҳми арзанда мегузорад. Ин забон ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва илмӣ фаъолона иштирок намоянд, дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин таҳсил кунанд ва бо технологияҳои нав шинос шаванд. Ҳамчунин, забони чинӣ пули мустаҳками фарҳангӣ буда, ба ду миллат имкон медиҳад, ки арзишҳо ва анъанаҳои худро беҳтар фаҳманд ва муаррифӣ намоянд.

      АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE