Қоҳир Расулзода бо Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд

Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ мусоидат намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои гуногун дастгирӣ менамоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мусоидат ба робитаҳои мустақими байни ташкилоту корхонаҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ барои ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак  ба  манфиати ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои судманд, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳоро муҳим шумориданд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE