Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

28-29 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷаласаи 57-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори он  сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин  Раҳмон  иштирок намуд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дод, ҳайатҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузоришро дар бораи пешгирии вайронкунии конунгузории зиддиинҳисорӣ тасдиқ намуданд. Ҳамзамон истифодаи воситаҳои  «қонуни нарм» баррасӣ ва самтҳои нави танзими бозорҳои рақамӣ  муайян шуданд.

Дар анҷом иштирокдорон раиси нави Шурои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисориро тасдиқ намуданд. Раиси шуро вазири танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус Алексей Богданов интихоб шуд.

Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон бо раиси Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Узбекистон Халилилло Турахуҷаев баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти сиёсати зиддиинҳисорӣ дар доираи санадҳои имзошуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва мубодилаи маълумот байни мақомот бобати пешбурди самараноки фаъолияти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа омаданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE