Бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе таҷлил мегардад

Ба муносибати гиромидошт аз Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоъири бузурги қарни 10, пагоҳ дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.
Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора Муҳсин Фараҳбар, корманди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Малвинаи Хушқадам хабар дод.
Чорабинӣ соати 09:30 дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доир шуда, дар он мақомотҳои Тоҷикистону Эрон, донишмандону пажӯҳишгарон ва фирдавсишиносони минтақа ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE