Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Мухлиси беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон»-ро ҷамъбаст карда, ғолибон ва мухлисони фаъоли солро қадрдонӣ намуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 100 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Озмун байни дӯстдорони футбол тибқи протоколи вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи мамлакат, ки моҳи ноябри соли 2023 доир гардида буд, баргузор шуд.

7 декабр дар шаҳри Душанбе озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он мухлисони дастаҳо, инчунин ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд.

Ғолиб дар бахши фаъолтарин мухлиси сол дастаи мухлисони «Истаравшан» гардид. Ба онҳо 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд. Ҷойи дуюм насиби мухлисони тими «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ба онҳо 25 ҳазор сомонӣ тақдим карда бо намуданд, ки 15 ҳазор сомонӣ соҳиб шуданд.

Дастаи мухлисони «Ҳулбук» ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистонро гирифт. Мухлисони тими Восеъ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Илова бар ин Лигаи футболи Тоҷикистон ба мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Вахш», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Саройкамар», ки дар озмун фаъолона иштирок намуданд, ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим намуд.

Мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои мамлакатро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE