Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд

Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Тавре таъкид  гардид, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар самти рушди оила, баланд бардоштани вазъи некӯаҳволии мардум, тарбияи дурусти кӯдакон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳсипор кардани онҳо тадбирҳои судманду саривақтӣ амалӣ менамояд.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» тадбири муҳим ва иқдоми наҷиби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят менамояд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмун иҷрои босифати банди 4-и Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026-и «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» бобати  ҷалби мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, эҷодкорию суханварӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастию меҳнатдӯстӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар анҷоми озмун ғолибону иштирокчиёни фаъол бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE