Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногун баррасӣ карданд

Дар Вашингтон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаррух Ҳамрализода бо ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар ИМА хабар доданд.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд»,- таъкид намуданд дар Сафорат.

Дар фарҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкории ду кишвар минбаъд низ дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд рушд хоҳанд ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE