Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои таъсиси ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин дар асоси талаботи банди 39-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо назардошти маъракаҳои муҳиму сиёсии дарпешистодаи интихоботӣ пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа номзади Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва як қисми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Кӯшониён-27» Муҳаммад Шодиён ба муҳокима пешниҳод шуд.
Дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Ёвон-29» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар идома маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ «Дар бораи пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Ёвон -29» номзадии Насрулло Ҳасанзодаро пешбарӣ намуд.
Ҳамчунин бо мақсади пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Кӯшониён баргузор гардид.
Дар кори он тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии «Вахш – 32» баррасӣ гардид. Сипас номзадии Мунаввар Абдусаломзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Вахш – 32» пешбарӣ шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон