Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

13 феврал дар Душанбе 35 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил  гардидаанд, бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд, хабар дод аз сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ғолибони озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар навраси умедбахш» дар соли 2022 муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки  дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли шашум аст, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE