Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид

7 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо директори Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» Максим Шилов мулоқот намуд. 

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, зимни мулоқот тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» (18-20 марти соли 2025) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардид.

Бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба рушду равнақ ва муаррифии имконияти сайёҳӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ шумориданд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар ин намоишгоҳро метавон иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE