14 июл Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

14 июли соли равон Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2021 ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур  барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  то  10 июли соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод   менамоянд.

Ба рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин: Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №62; Дар бораи рафти иҷрои нақша – чорабиниҳо оид ба иншооти бунёдшаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;  Ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ; Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ вобаста ба фаъолияти кори вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе; Ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7; Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2021 ва  вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил карда шудаанд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE