Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Довари футзали ФИФА аз Тоҷикистон Сӯҳроб Сатторов бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занонаро ҳакамӣ дорад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Сӯҳроб Сатторов бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзалро дар гурӯҳи «С» бо иштироки дастаҳои занонаи Узбекистон, Австралия, Туркманистон, Филиппин ва Кувайт доварӣ мекунад.
Бозиҳо аз 11 то 19 январ дар Тошканд баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон