ИМРӮЗ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР «CAFA FUTSAL CUP-2023» БО ТИМИ ТУРКМАНИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 24 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор мешаванд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Туркманистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳамчунин, имрӯз дар чаҳорчӯби рӯзи дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати дигар сурат мегирад. Соати 14:00 тимҳои миллии Эрон ва Қирғизистон вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар аст.

Ҳамаи мухлисонро ба тамошои рақобатҳои футзали Осиёи Марказӣ даъват менамоем!

 «CAFA Futsal Cup-2023»

 Даври 2

 24 июл (душанбе)

14:00 |  Эрон –  Қирғизистон

17:00 |  Ӯзбекистон –  Афғонистон

20:00 |  ТОҶИКИСТОН –  Туркманистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE