Пас аз пирӯзӣ дар UFC – Нурулло ба Душанбе баргашт

Нимаи дуюми имрӯз размикори тоҷик Нурулло Алиев ба шаҳри Душанбе баргашт. Нуруллоро  шумораи зиёди ҳаводорони варзиши меҳан, наздикону пайвандон ва дигар намояндагони соҳаи варзиши мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуд. Размикори тоҷик  дар 9  қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 9  пирӯзӣ ба даст овардааст. Ҳамчунин Нурулло нахустин варзишгар аз риштаи муҳорибаҳои омехта дар таърихи Тоҷикистон аст, ки бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баста муҳориба анҷом додааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз Нурулло размикори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов ҳам бо UFC шартнома баста, аввалин рақобаташро бо пирӯзӣ анҷом дод. 

Манбаъ: https://varzishtv.tj/tj/news/pas-az-pir-z-dar-ufc-nurullo-ba-dushanbe-bargasht-/

»«

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE