Имрӯз дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид

Имрӯз дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.Гуфта шуд, ки дар ин давра кормандони Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 284 конференсия, мизи мудаввар, семинар,тренинг, нишасти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 170 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида ба қайд гирифта шудаанд, ки 282 муроҷиати хаттӣ 1429 муроҷиатҳои шифоҳӣ 12 муроҷиати электронӣ ва 7 муроҷиати телефонӣ мебошад.Аз 1730 муроҷиат 518 муроҷиат дар Дастгоҳи марказии ВҲИ ба қайд гирифта шудааст,ки аз онҳо 164 адад муроҷиати хаттӣ, 335 адад муроҷиати шифоҳӣ 12 адад муроҷиатҳои электронӣ ва 7 адад муроҷиатҳои телефонӣ мебошанд.

Соли 2024 бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 66 санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, аз ҷумла ба лоиҳаи 38 кодексу қонунҳо, 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 барномаву стратегия ва консепсияҳо ва 16 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳо ва хулосаҳо пешниҳод намуданд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE