Кумитаи телевизион ва радио: Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ ба 86% расонида шуд

Дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумита Носир Саидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла, “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024” татбиқ гардид.

Гуфта шуд, ки баъд аз иҷрои пурраи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ аз 65,8% ба 86% расонида шуда, ба андозаи 20,2% зиёд гардид.

“Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бошад барномаи маҷмуӣ буда, он масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо, такмили
тахассус ва зина ба зина таҳким бахшидани заминаҳои техникиро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи барномаи мазкур дар маҷмуъ соли 2024 Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” 20 машғулияти омӯзишӣ дар самтҳои продюссерӣ, дизайни барномаҳо, сенариянависӣ, ороишгарӣ, маҳорати суханварӣ, наворбардорӣ, рушди мултимедия, коргардонӣ, забономӯзӣ ва дигар равияҳои марбут ба соҳаи телевизион, радио ва матбуот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE