Хадамоти алоқа: Шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он 8 миллион нафарро ташкил дод

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ пас аз дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” 8 миллион нафарро ташкил дода, зиёда аз 5 миллион адади он муштариёни фаъол мебошад. Дар ин бора имрӯз  сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

 Номбурда зикр кард, ки дар соли 2024 ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи барқӣ аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком” ба маблағи 195 714,3 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд, ки аз иҷрои нақшаи пешбинишуда 5,5 фоиз зиёд буда, дар муқоиса бо соли 2023 дар ҳаҷми 13,1%  ё ба маблағи 22 710 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

✍️ Сайёҳат Содиқова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE