Таъсиси 480 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ барои занону бонувон
Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишасти хабарӣ зикр гардид, ки фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба раванди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ равона гардида, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шуданд.
Тавре Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5 “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” Комиссияи озмунии назди кумита баъди баррасии 396 адад лоиҳаҳои соҳибкории занону бонувони кишвар 120 лоиҳаи мақсаднокро ба маблағи 5 млн сомонӣ дастгирӣ намуд, ки барои таъсиси 480 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занону духтарон мусоидат менамоянд. Дар доираи амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” аз шумораи 73 ҳазору 188 нафар занону бонувони муроҷиат намуда аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли 36 ҳазору 634 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 15 ҳазору 783 нафар ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд.
Шукрона Насриддинзода