Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҳамоиши идона баргузор гардид
Имрӯз дар “Кохи маърифат”- и шаҳри Ваҳдат бахшида ба “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур, Иттифоқи журналистон, шоирон, рӯзноманигорон ва дигар бахшҳои ҷомеи шаҳр ширкат намуданд. Ҳамоишро Шоира Абдураҳимзода – муовини раиси шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, саҳми ВАО-ро дар расидан ба сулҳу ваҳдати сартосари ва рушди иқтисоди мамлакат барҷаста маънидод намуд. Ба таъкиди ӯ имрӯз дар ин шаҳр рӯзномаи “Шаҳриëр” ва маҷалаи “Бахтофарони Ваҳдат” фаъолияи рӯзмарра дошта тавонистаанд, дар таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳаëти ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд. Пас аз қисмати расмӣ дар анҷом аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат рӯзноманигорони варзида, собиқадорони соҳа бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе