Коргоҳи коркарди асал дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият оғоз кард
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТОҶ АГРО» коргоҳи коркарди асал ба фаъолият оғоз намуд, хабар медиҳад шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ асал бо сифати баланд коркарда шуда, дар зарфҳои махсуси ороишӣ гирифта мешаванд ва бо банду басти муосир ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он содирот карда мешавад. Дар коргоҳи нав дар як шабонарӯз то 2 тонна асал коркард карда мешавад.
Мавриди ёдоварист, ки ҶДММ «ТОҶ АГРО» соли 2021 дар заминаи ҶДММ «Московский» таъсис ёфта, дар ҳудуди деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад.
Ҷамъияти мазкур дар ихтиёри худ 66 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 36,8 гектарашро токзор ва 3 гектарашро боғи мевадиҳанда (себу зардолу) ташкил медиҳад. Аз 36,8 гектар токзор 24 гектараш боғҳои аз нав барқароршудаи яксола буда, 9 гектар токзори ҳосилдеҳ мебошад.
Ҷамъият инчунин дар масоҳати 3 гектар барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Дар айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор ва дигар намуди зироат ҷараён дошта, ҳосили он ба аҳолӣ пешкаш гардида истодааст.
Дар зертобеи он барои нигоҳдории ҳосили сабзавот, ангуру меваи боғу токзори худ ва хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия сардхона бунёд гардидааст, ки масоҳаташ 0,10 гектарро дар бар гирифта, ғунҷоишаш 1000 тоннаро ташкил медиҳад.
Гармхонаҳои ҷамъияти мазкур дар маҷмӯъ 3 гектарро дар бар мегиранд. Қисмати аввали он дар масоҳати 1 гектар моҳи октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар як давра аз як гектар 70 тонна ва давоми сол 140 тонна помидор истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли помидор дар як сол аз 3 гектар 420 тоннаро ташкил медиҳад. Помидори истеҳсолнамуда ба бозори дохилӣ ва хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.