Дар Душанбе татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд

17 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии 17 марти соли 2025 баргузоршуда мавриди баррасӣ дода шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Русия табодули афкор карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE