Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон» оғоз мегардад

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд.

Ба иттилои масъулин аз Осорхонаи миллӣ, озмуни мазкур аз 15 феврал то 15 март баргузор гардида, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мешавад. Тамоми шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд. Беҳтарин хонандаи ин шоҳасар муайян гардида, ғолибон бо мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE