Судяҳои Суди Олии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
/. Судяҳо ва кормандони масъули Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии «Шакли электронии адолатӣ судӣ», ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Тавре аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, форум дар доираи ҳамкории байналмилалии судҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он намояндагони судҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти судҳо, ташкили парвандаҳои судӣ дар шакли электронӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар низоми ҳуҷҷатгузории судӣ, густариши ҳамкории ҳуқуқии фаромиллӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ибрози назар намуданд.
Форум дар самти рушди коргузории электрониии судӣ дар фазои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадами муҳим буда, дар баланд бардоштани дастрасӣ ва самаранокии адолати судӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Дар кори форум ҷониби Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамо» маъруза намуд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон