КУВАЙТ:ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КУМИТАИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 45-УМИН АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ ШӮРОИ ОЛИМПИИ ОСИЁ

Санаи 12-уми майи соли 2025 дар давлати Кувайт дар қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё 45-умин Ассамблеяи Генералии Шӯрои олимпии Осиё бо иштироки намояндагони 45 кишварҳои Осиё аз он ҷумла Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Ассамблеяи мазкур Тоҷикистонро ноиби ваколатдори Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ – Дилшод Назаров ва Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ намуданд.

Ассаблеяи Генералии мазкур аз ҷониби Ноиби аввали Президенти Шӯрои олимпии Осиё ҷаноби Тимоти Фок бо суханронии ифтитоҳӣ оғоз гардида, Президенти Кумитаи миллии олимпии Кувайт – ҷаноби Фаҳад Ал Сабаҳ ва Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ – хонуми Кирсти Ковентрӣ низ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар Ассаблеяи Генералӣ ҳисобот ва инчунин гузоришҳо дар бобати масъалаҳои мазкур ироа гардиданд

– Ҳисоботи Кумитаи тадорукоти бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2023;

– Ҳисоботи Кумитаи тадорукоти бозиҳои зимистонаи Осиёии Ҳарбин-2025;

– Гузориши Кумитаи тадорукот оид ба бозиҳои Осиёӣ миёни наврасон дар кишвари Баҳрейн-2025;

– Гузориши Кумитаи тадорукот оид ба бозиҳои Аичи Нагояи Ҷопон-2026;

– Гузориш аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳои дохили толорӣ ва ҳунарҳои ҳарбии Осиё дар Риёз-2026;

– Гузориш аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи Осиё Неом-2029.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE