Зеботарин кӯҳҳои рӯи замин

Зеботарин кӯҳҳои рӯи замин — кӯҳҳои рангоранги Чжанъе Дансяи  Ҷумҳурии Халқии Чин мебошанд! Кӯҳҳои гуногунранг, ки дар масоҳати 500 километри мураббаъ тӯл кашида, хусусияти беназираш  дар он аст, ки инсон ба шакли онҳо ҳеҷ таъсире нарасонидааст. Тамоми рангҳо табиатан ба вуҷуд омадаанд.

Бояд гуфт, ки рангҳои кӯҳҳо яку якбора пайдо нашудаанд. Замоне дар ин кӯҳҳо дарёҳои зиёде буданд ва дар қаъри онҳо аргиллитҳо таҳшин мешуданд ва ин раванд баъдтар, таҳти таъсири дигар ҷинсҳои таҳшинӣ, рангҳои нав, аз ҷумла зард, сабз ва хокистарӣ пайдо шуданд. Ранги асосии кӯҳи мазкур сурхи тира мебошад.

Барои ба вуҷуд омадани ҳар як қабат ҳазорҳо сол лозим буд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳои табиӣ якҷоя ранги ғайриоддии кӯҳҳоро ба вуҷуд оварданд, ки бештар ба хаёлоти рассомон монанд аст, на ба харсангҳои воқеӣ. Бо вуҷуди ин, онҳо воқеӣ ҳастанд.

Соли 2010 ин кӯҳҳо ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE