Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва вазъи обрасонӣ шинос шуд

10 май гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла сабзиши ниҳоли пахта ва вазъи таъминот бо оби полезӣ шинос шуд. Дар ин хусус ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ нахуст ба заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон рафта, бо ҳолати сабзиши пахта, сатҳи иҷрои коркарди байни қаторҳо ва таъмин бо оби полезӣ шинос шуд. Зимни суҳбат бо роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои пахтакор оид ба тақсими одилонаи об, таъмини техникӣ ва истифодаи технологияҳои муосири обёрӣ тавсияҳо дода  шуд.

Сулаймон Зиёзода ба зарурати татбиқи саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ва иҷрои ҳатмии тавсияҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ишора намуда, таъкид намуд, ки оби полезӣ зери назорати қатъии сохторҳои марбута бояд тақсим карда шавад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҳолати қубури обгузари марбут ба пойгоҳи обкашии Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Фирдавсӣ» шинос шуд. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 3 ҳазор гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Оббурдон ва Палдорак бо об таъмин карда мешаванд. Дар натиҷаи фарсудашавӣ ва кафидани қубури асосӣ таъмини об ба хоҷагиҳо ба мушкилӣ рӯбарӯ шудааст. Мақомоти дахлдор дастур гирифтанд, ки  корҳои барқарорсозӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ бо ҷалби мутахассисон ва дар муҳлати кӯтоҳтарин пурра анҷом дода шаванд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини саривақтии ниёзҳои бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши манобеи об ва афзоиши талаботи соҳаи кишоварзӣ танзими босамари захираҳои об ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил ёфтааст.

Танҳо тавассути ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбута, истифодаи технологияҳои каммасрафи обёрӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунии оби полезӣ метавон ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ноил гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE