Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
16 май дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози сухан иштирокдорони ҷаласаро хайрамақдам гуфта, ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баҳои баланд доданд.
Зимнан, Пешвои миллат бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид карданд.
Аз ҷумла, афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст.
Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» таъкид намуданд.