Иқдоми беназири Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шабакаҳои телевизонии давлатии Туркманистон муаррифӣ гардид

Иқдоми беназири Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар шабакаҳои телевизонии давлатии Туркманистон муаррифӣ гардид.

Тавре аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, 12-13 май дар шаҳри Ашқободи Туркманистон таҳти унвони «Таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати арзёбии низоми гласио-невалии баландкӯҳҳо бо мақсади инкишофи тарзу усулҳои фарогир барои рушди устувор ва мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим» машварати миллӣ баргузор шуд.

Дар он сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо Анвар Ҳомидов иштирок намуд.

Дар ҳошияи машварат Анвар Ҳомидов дар шабакаҳои давлатии Туркманистон зимни мизи мудаввари телевизионӣ ташаббусҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин баргузории Конфронси  сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки қариб 90 фоизи захираҳои обие, ки Тукманистон истифода менамояд, аз ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Бартанг, Гунт, Язғулом, Ванҷ ва дигар дарёҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Тавре сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо иброз дошт, «Конфронси  сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 моҳи май дар маркази Тоҷикистон баргузор мегардад, Душанберо ба платформаи байналмилалӣ барои баррасии пешбурд ва таҳкими ҳадафҳои рушди устувор, ки ба беҳтар гардидани некӯаҳволи ҳаёти башарият ва ҳифзи сайёра равона шудааст, пайваст менамояд».

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони сайёра мебошанд, метавонад боиси коҳиши минбаъдаи сарчашмаи оби ошомидании тоза гардида, аҳолии ҷаҳонро ба ҳодисаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз нигаронии Сарвари давлат дар масъалаи об ва иқлим бамавқеъ ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки  барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE