Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд
21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қароргоҳи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.