Музокироти нави марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек дар қаламрави Тоҷикистон доир мегарданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идомаи ҳалли масъалаҳои марбут ба аломатгузории марзи кишварҳо тавофуқ карданд, ки мулоқоти нав баргузор кунанд. Музокироти навбатӣ ин дафъа дар қаламрави Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре хабар дода будем, мулоқоти охирини намояндагони ҳар ду мамлакат ва гурӯҳҳои кории топографӣ рӯзҳои 21-26 июл дар Бодканди Қирғизистон барпо гардид.

Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 июл бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.

Ин суҳбат дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта, 21 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE