Ҷавонон нерӯи илмии бузурганд

Ҷавонон яке аз нерӯи тавонбахши созандагӣ ва бунёдкору пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи ҳар миллату давлат буда, дар ҳама самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Воқеан таваҷҷуҳ ба ин қишри ояндасоз метавонад, ҳама чизро ба куллӣ дигаргун созад. Агар ба 100 соли пеш назар афканем, мушоҳида менамоем, ки пешравии илму техника то ҳадде ки имрӯз ҳаст, рушд накарда буд. Чӣ гунае ки мо огаҳ ҳастам аввалин компютерро Чарлз Беббиҷ дар байни солҳои 1833 ва 1871 ихтироъ карда буд. Ӯ ин дастгоҳро ихтироъ карда, баҳри беҳтар шудани он боз 40 соли умри худро бахшидааст. Аммо ихтирои ӯ барои иҷрои ҳисобҳои оддӣ кофӣ буду халос. Аммо дар солҳои минбаъда ихтирокорону навоварони донишгоҳҳои ИМА тавонист ба ин дастгоҳ навгонии бузургеро ворид кунад. Агар дар замони ихтироъ компютер 30 тоннаву 30 метрро ташкил медод, аммо амалҳои он нисбат ба имрӯза камтар буд. Имрӯз бошад комюптерҳои гуногун аз ҷониби ихтирокорон кашф шуд, ки тамоми амалҳоро иҷро карда метавонад ва ҳатто баъзе намудҳои он дар ҷузвдонҳоямон ҷой мегаранд. Мисли пештара нест, ки онро чандин мутахасисон кор кунанд. Замон замони илму техника ва рушду нумуи он мебошад. Ҷавонон ки зеҳн ва тафаккури олӣ доранд, метавонанд бо омӯхтани илмҳои замонавӣ аз ҷумла илмҳои дақиқ дар ихтироот муваффақияти худро ба даст оранд ва барои беҳбудии ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бориз гузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва пайваста онҳоро дар рушди минбаъдаи мамлакат саҳмгузор медонанд.

Ҷавонон дар ҳама давру замон дар ҳама самти фаъолият нақшгузоранд. Онҳоро бешубҳа пешвоёни ояндаи илмҳои нав гуфтан ҳам нодуруст нест, зеро диду назари ҷавонон нисбат ба шахсони калонсол беҳтару хубтар аст. Аммо дар ин радиф ҷавонон бе маслиҳату кумаки бузургсолон муваффақ нахоҳанд шуд. Кунҷковӣ, нигоҳи тоза ва қобилияти мутобиқшавии онҳо ба технологияҳои нав онҳоро дар мавқеи беназире қарор медиҳад, ки боиси навоварӣ ва кашфиётҳои бузург шаванд.

Дар тӯли таърих, намунаҳои зиёде мавҷуданд, ки шахсони ҷавон саҳми назаррас дар илм гузоштаанд. Масалан Блез Паскал дар синни наврасӣ дар математика ва физика саҳми бунёдгузорӣ гузоштааст. Эварист Галуа бошад Консепсияҳои инқилобӣ дар алгебраи абстрактиро пеш аз 21-солагӣ таҳия кардааст. Абуали ибни Сино бошад дар синни 17-18 солагӣ Нуҳ ибни Мансурро  табобат намудааст.

Ҷавононро на танҳо пешвоёни ояндаи илмҳои нав, балки қувваи пешбарандаи кунунии навоварӣ ва кашфиёт низ бояд унвон кард. Нигоҳи беназир, қобилияти мутобиқшавӣ ва шавқи онҳо барои ҳалли мушкилоти мураккаби илмии замони мо ва бунёди ояндаи дурахшон муҳиманд. Сармоягузорӣ ба таҳсилоти илмии онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯхтан ва саҳм гузоштан барои пешрафти дониши инсонӣ ва беҳбудии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷавононе, ки ба илм майл доранд, аксар вақт шавқу завқи қавӣ ба омӯзиш ва кашфиёт доранд. Ин ангезаи дохилӣ метавонад ӯҳдадории онҳоро ба таҳсили ҷиддӣ ва таҳқиқоти пайваста тақвият бахшад.

Дар ҷаҳони ба ҳам алоқаманд ба воя расидан аксар вақт фикрронии байнисоҳавиро дар байни ҷавонон тақвият медиҳад. Онҳо метавонанд бештар майл дошта бошанд, ки байни соҳаҳои гуногуни илм ва технология робита барқарор кунанд, ки ин ба равишҳои инноватсионии омехта оварда мерасонад.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE