ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик мегӯям.
Хушбахтона, имрӯз ҷавонони мо воқеан ҳамчун як нерӯи бузурги созандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавони ояндасози миллат ба яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумат табдил ёфтааст.
Дастовардҳои имрӯзаи ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла илму истеҳсолот, маорифу фарҳанг, варзишу сайёҳӣ, хизмати ҳарбӣ, инноватсияву технология ва дигар соҳаҳо боиси ифтихор аст.
Насли ҷавони имрӯзаро зарур аст, ки ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо бо дарки масъулият ва бо дасту дили пок, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон беш аз ҳарвақта сайъу талош намоянд.
Ман аз ҳар як ҷавони бонангу номуси меҳан даъват ба амал меорам, ки Ватанро дӯст доранд, аз он ифтихор кунанд ва бо шукргузорӣ аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар бунёди имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.
Бо ҳамин таманниёти нек бори дигар ҳамдиёрони азиз, кулли ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҳамватанони ҷавони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, бахту иқболи баланд, комёбиҳои рӯзафзун ва ба кишвари азизамон рушди устуворро орзумандам.
Рӯзи ҷавонон муборак!