РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ МУБОРАК
Мухлисону дӯстдорони футбол!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори бузург Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки имрӯз дар саросари дунё бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, самимона шодбош мегӯям.
Бо қаноатмандии бузург метавон гуфт, ки имрӯз футбол барои Тоҷикистон на танҳо як намуди варзиш, балки унсури муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ, тарбияи насли солим ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи шомил кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тақвими расмии байналмилалӣ — як иқдоми таърихиест, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон роҳандозӣ гардид ва мавқеи кишвари моро ҳамчун ҷонибдори фаъол ва ташаббускори арзишҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.
Дар ин раванд, саҳми бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шоёни таҳсину арзи сипос аст.
Бо роҳнамоӣ, ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушду такомули футбол дар кишвар як зумра иқдомоти муҳим, аз ҷумла густариши инфрасохтори варзишӣ, рушди футбол миёни наврасону ҷавонон, таъсиси мактабҳои футбол ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ гардиданд.
Солҳои охир, бо кӯшишу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар садҳо майдончаҳои замонавии футбол дар шаҳру деҳот бунёд ёфта, барномаҳои нави таълимӣ ва тайёрии варзишӣ дар соҳаи футбол роҳандозӣ шудаанд. Танҳо дар як соли охир беш аз сад майдончаи футбол дар минтақаҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нишонаи таваҷҷуҳи амиқ ба ин соҳа мебошад.
Ифтихори мо аз он аст, ки футболбозони тоҷик бо иродаи матин ва маҳорати баланд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоми Осиё ва Чемпионати ҷаҳон, кишварро бо сари баланд намояндагӣ мекунанд. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон барои аввалин бор ба чорякфинали Ҷоми Осиё роҳ ёфт ва дастаи футзал низ бо баромадҳои назаррас номи кишварро баланд бардошт.
Футбол имрӯз дар Тоҷикистон рамзи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва зиндагии солим гардидааст. Он дар қалби ҷавонон ифтихори ватандориро бедор мекунад.
Бо чунин руҳияи баланд, мо бовар дорем, ки футбол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш рушд мекунад ва номи кишвари азизи моро дар саҳнаҳои бузурги варзишӣ боз ҳам бештар муаррифӣ хоҳад кард.
Бо арзи эҳтиром, тамоми варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳа, мухлисон ва дӯстдорони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, комёбӣ ва дастовардҳои нав таманно дорам.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод!
Фирӯз КАРИМЗОДА,
муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон