Хабари фаврӣ! 70 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як ҳолати қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва пешгирӣ гардид. Зимни чорабинӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Эшмуродов Шоимардон Наркузиевич, соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шулуми ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, оиладор, соҳиби 9 фарзанд, Бойқулов Одилҷон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нурободи ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода ва Худойбердиев Ҷуманазар Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1971, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода боздошт гардиданд. Ҳамзамон, дар ҷойи ҳодиса, дар ҳудуди заминҳои корами деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, аз махфигоҳ се адад борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи нашъовар дар ҳаҷми махсусан калон дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ин бора аз КДАМ ҶТ хабар доданд.
Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян гардид, ки Эшмуродов Шоимардон Нарқузиевич гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллобро таъсис дода, бо истифода аз имкониятҳои ҳаммаслакони ҷиноятии худ Бойқулов Одилҷон Абдураҳмонович ва Худойбердиев Ҷуманазар Маҳмадраҳимович мунтазам хатти сарҳади давлатиро ғайриғонунӣ убур намуда, маводи мухадирро ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон интиқол медодааст.
Аз рӯйи нишондоди боздоштшудагон муайян карда шуд, ки Эшмуродов Шоимардон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони ҷиноятии худ Худойбердиев Ҷуманазар ва Бойқулов Одилҷон маводи мухаддири мусодирашударо дар махфигоҳ, воқеъ дар ҳудуди заминҳои ғаллазори деҳаи Ширинчашма пинҳон карда, мақсад доштанд бо истифода аз торикии шаб тавассути сарҳади давлатӣ онро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.
Танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббию ҳуқуқии аҳолӣ, гузаронидани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ ва муборизаи дастаҷамъона паҳншавии маводи нашъовар дар ҷомеа пешгирӣ ва решакан мегардад. Ин мубориза талошҳои муштараки аҳолӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақомоти ҳифзи ҳукуқи ҷумҳурӣ тақозо менамояд.