Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак»

Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи: «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» баргузор гардид.

Дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон ва Туркманистон иштирок доштанд.

 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрони худ нақш ва мавқеи кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар таъсис ва ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай қайд намуд.

Дар Конфронс таъкид гардид, ки ҳадафҳои стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки меҳвари СҲШ ба шумор меравад, ҳамдигарро мукаммал намуда, дар таҳкими субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи фарох дар қитъаи Авруосиё саҳми арзанда мегузоранд.

Конфронс як платформаи муҳими коршиносӣ ва дипломатӣ барои муҳокимаи нақши Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари стратегии СҲШ, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор гардид.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE