Ташкили корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар шаҳри Душанбе
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба кори хеш оғоз бахшид. Субҳи имрӯз иштирокчиёни ин ҳамоиш дар назди Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳамзамон мувофиқи нақша иштирокчиён аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, қисмҳои низомӣ, корхонаҳои саноатии пойтахт дидан намуда, ҳамзамон ташкилу баргузории вохӯрӣ бо фаъолону сокинони маҳаллаҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар назар аст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки иштирокчиёни корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба чор ноҳияи пойтахт сафарбар шуданд, ки як гурӯҳе аз онҳо аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир дидан намуданд. Меҳмононро бо суруду навозишҳои мутрибон пешвоз гирифтанд.
Дар корвони мазкур 60 нафар зан аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб гардидааст. Ин ҳамоиш аз санаи 19 июн то санаи 20 июни соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ҷараён мегирад.
Ибодова Макнуна,
Зиёвуддинова Фаришта
коромӯзони радиои “Садои Душанбе”