Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Комплекси агросаноатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз” дар масоҳати ним гектар бунёд гардидааст.
Арзиши лоиҳавии Комплекси агросаноатӣ 4 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Фермаи бузи ширдеҳро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фермаи бузи ширдеҳ барои 140 сар пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар фермаи мазкур 92 сар бузи ширдеҳ аз Белорус ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дастрас шуда, парвариш меёбад.
Иқтидори ферма 72 тонна шир дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад.
Баробари ба фаъолият оғоз кардани он 10 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Фермаи бузи ширдеҳ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти технологии обу ғизодиҳӣ, профилактика ва тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва таҷҳизоти ширҷӯшӣ истеҳсоли Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар комплекси агросаноатӣ аз раванди парвариши харгӯш дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар таркиби гӯшти харгӯш миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, он болаззат ва парҳезӣ мебошад. Дар фермаи мазкур 100 харгӯши зоти фаронсавии Хикол аз Ҷумҳурии Фаронса ворид гардидааст, ки он зоти гӯштии сернасл мебошад.
Роҳандозии харгӯшпарварӣ дар Комплекси агросаноатии мазкур дар доираи татбиқи “Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” амалӣ гардида, барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва густариш додани ин соҳаи сердаромади кишоварзӣ замина мегузорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ворид намудани зотҳои нави сермаҳсули харгӯш, ба роҳ мондани технологияи интенсивии парвариши он ва зиёд кардани мӯинаи қимматбаҳои харгӯш дар кишвар дастуру супоришҳо доданд.
Дар ҳамин мавзеъ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ашёи хомро аз фермаи бузи ширдеҳи Комплекси агросаноатӣ дастрас намуда, номгуи зиёди маҳсулот ба монанди панир, ҷурғот, сметана, шир, қаймоқро бо риояи талаботи стандартӣ ва сифати баланд истеҳсол менамояд. Истеҳсоли панир аз шири буз дар асоси усулҳои итолиёвӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре зикр гардид, аз нигоҳи илми тиб истеъмоли шири буз ва маҳсулоти ширӣ аз он ба организми инсон манфиатбахш мебошад.
Дар коргоҳи мазкур 7 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ки аз “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маншаъ мегирад, бунёд гардида, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯштию ширӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза фаъолият менамояд.