Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
Дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз ҷониби экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи миллӣ бозёфти басо нодири таърихӣ — кӯзаи дудастаи катибадор кашф гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар танаи кӯза бо хат ва забони бохтарӣ навиштаҷот мавҷуд аст. Бо пайдо гардидани навиштаҷоти мазкур, мутахассисони Осорхонаи миллӣ ҷиҳати хондану таҳқиқи он ба муҳаққиқони барҷастаи забонҳои қадимии Эрони шарқӣ — Симс Вилиямс ва Ҷо Крибб муроҷиат намуданд. Олимони мазкур кашфи бозёфти нодирро бо хушнудӣ истиқбол намуда, навиштаҷотро чунин хонданд:«ИН ОБКӮЗАИ ХОНУМИ САГКИН АСТ».
Мутахассисони Осорхонаи миллӣ дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ, аллакай дуюмин катибаҳои бохтариро, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, кашф намуданд. Аҳамият ва арзиши илмии ин катиба дар он аст, ки он дар шакли комил пайдо гардидааст.
Бешак навиштаҷоти мазкур дар илми забоншиносӣ ва таърих боз як саҳифаи тозаро бозкушоӣ менамояд.