Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Дар Варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс 90 муштзан аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд намуда, барои баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, сафи дӯстдорони варзиш аз ҳисоби наврасону ҷавонон сол аз сол бештар мешавад.
Мусобиқа байни варзишгарон дар вазни аз 51 кг то беш аз 92 кг доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то 12 июл идома меёбад.